Самарқанд вилояти ҳокимлиги w w w . s a m a r k a n d . u z

Ба Самарқанд хуш омадед!

Ба Самарқанд хуш омадед!

Гавҳари Шарқ, қадимӣ ва ҳамешаҷавон, сайқали рӯи замин — Самарқанд имрӯз боз дар нигоҳи дунё мебошад.

Шаҳрамон ба саммити 22-юми Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки яке аз сохторҳои байналхалқии бонуфӯз ва бообрӯи сайёра ба шумор меравад, мизбонӣ мекунад.

Дар саммит иштироки раҳбари 15 давлат, вакилони зиёда аз 10 ташкилотҳои байналхалқӣ, эксперт ва таҳлилгарони намоёни дунё, сиёсатмадорон дар назар аст.

Бо таклифи роҳбари давлатамон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қатори иштирок дар саммит, ба кишварамон бо ташрифи давлатӣ меоянд.

Дар давоми чорабинӣ вохӯрии тарафайни роҳбарони давлатҳо гузаронида мешавад.

Дар Самарқанде, ки дар таърихи давлатдории миллиамон ҷойгоҳи хос дорад ва имрӯз ба майдони мулоқоти байналхалқӣ табдил меёбад, бори аввал гузаронидани ин гуна тадбири байналхалқии васеъмиқёс ва бузург, албатта, барои тамоми аҳли вилоятамон фахр ва ифтихори беандоза аст.

Омодагӣ ба ин саммит дирӯз ё имрӯз на, аз рӯзе, ки аз ҷониби Президент ташаббуси дар Самарқанд гузаронидани саммити СҲШ-и соли 2022 пеш ронда шуд, оғоз гардид. Барои ин, инфрасохтори Самарқанд пурра нав карда шуд, роҳ, пул ва хиёбонҳои нав сохта шуд. Рӯдакӣ, Ибни Сино, Бӯстонсарой, Афросиёб, Шоҳи Зинда, Садриддин Айнӣ, Регистон, Панҷакент, Фирдавсӣ, Даҳбед барин зиёда аз даҳ кӯча азнавсозӣ шуд. Кӯчаи Усто Умар Ҷӯрақулов пурра дубора сохта шуд. Ҷойҳои истиқоматӣ ва дигар обектҳои атрофи ин кӯчаҳо бо ҳамоҳангии меъмории миллӣ ва замонавӣ аз нав бунёд гардид. Терминали нави замонавии ба худ хоси фурудгоҳи байналхалқии Самарқанд сохта шуд.

Маркази сайёҳии байналхалқии «Роҳи бузурги абрешим», ки бо ғоя ва ташаббуси Президент дар зиёда аз 250 хол майдони кушод ва дар атрофи канали қайиқронӣ сохта шуд, салоҳияти бунёдкории мардуми моро равшан намоён кард. Имрӯз дар ин маҷмӯае, ки нафақат дар кишварамон, балки дар Осиёи Марказӣ низ беназир эътироф шуд, меҳмонхонаҳои мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва маркази конгресӣ, маҷмӯаи «Шаҳри боқӣ», ки таърих, маданият, анъана ва арзишҳои мардумамонро нишон медиҳад ва дигар иншоотҳо ба зеби Самарқанд табдил ёфтанд. Ҳоло бошад, маҷмӯаи меъморие, бо номи бобои муҳаддисамон Имом Бухорӣ таъаллуқ дорад, бо мавҷеъ ва салоҳияте, ки ин зоти бузург дар олами Ислом доранд, аз нав бунёд мешавад.

Дар атрофи ин бино, майдон, хиёбон ва кӯчаҳо миллионҳо дарахт, бута ва гулҳо корида шуд, ки дар натиҷаи ин имрӯз Самарқанд аз ҳарвақта зеботар гардид.

Дар чунин корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ нафақат аз Самарқанд, балки аз ҳар гӯшаи кишварамон бинокор ва муҳандисҳо, лоиҳачиён, меъмор ва мутахассисҳо, ҳунарманд ва боғбонҳо иштирок намуданд. Аз фурсат истифода намуда, ба раҳбарони вазорат ва идораҳое, ки дар сари корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ истоданд, ба ҳамватанони фидоӣ ва ҳамкорони хориҷии худ изҳори миннатдорӣ менамоем.

Инчунин, ба масъулин ва ходимони соҳаҳои гуногуне, ки дар ин рӯзҳо барои ба дараҷаи баланд гузаронидани саммити СҲШ ба Самарқанд омада, ба мо аз наздик ёрӣ медиҳанд, раҳмат мегӯем!

Дар мақолаи Президент Шавкат Мирзиёев, ки пеш аз саммити СҲШ дар матбуот эълон гардид, алоҳида қайд шудааст, ки аз қадим Самарқанд макони «ҷӯши» ғоя ва донишҳои гуногун, дар ин маскан мақсадҳои муштараки инсоният мисли зиндагӣ дар оромиву фаровонҳолӣ, амалӣ кардани нерӯ ва имкониятҳои худ, умргузаронии хушбахтона муҷассам буд.

«Ҳар як одаме, ки дар ин замини муборак зиндагӣ кардааст, амиқ дарк мекард, ки ҳамсояи хуб як пораи бахте мебошад, ки Худо ба инсон ато кардааст ва ҳамсоягии аҳлона манбаи баракот аст. Зеро дар ҷое, ки ҳамкорӣ, савдо, эҷод, илму фан ва санъат, ғояҳои инсонӣ устувор мебошанд, некиҳо меафзоянд, халқҳо дар фаровонӣ ва аҳлона бо ҳам зиндагӣ мекунанд. Чунин ҷиҳатҳои ноёби Самарқанд, ки имрӯз соҳиби инфрасохторҳои замонавӣ ва бо суръати тез ривоҷёбанда аст, онро барои баррасии хатарҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо ба майдони мусоид ва мақбултарин табдил медиҳад.»

Самарқандиёни азиз! Фаромӯш насозем, ки ба боварии раҳбари давлатамон муносиб шуда, бо фазилатҳои меҳмондӯстӣ ва фароғдилии хоси мардумамон, зебоӣ ва ободии Самарқандро нишон дода, дар сатҳи баланд гузаронидани тадбирҳои саммит барои ҳамаамон шараф ва масъулияти бузург аст!

Ба Самарқанд хуш омадед, меҳмонони азиз!

Эркинҷон Турдимов,
Ҳокими вилояти Самарқанд


Охирги ўзгариш: 14/09/2022 11:45.   Кўрилганлиги: 356
 
Материал манзили: https://samarkand.uz/uz/press/news/ba-samarqand-xush-omaded

 

Сўровнома


Веб-сайтимиз орқали қайси соҳа бўйича кўпроқ янгиликлар жойлаштирилишини истайсиз?

Хабарларга обуна бўлиш


Статистика


Ҳозир онлайн
Рўйхатдан ўтганлар: 2
Меҳмонлар: 8

Ҳаракатлар стратегияси 2017-2021

 

Copyright © 2010 – 2018. Самарқанд вилояти ҳокимлиги. Сайт материалларидан фойдаланганда www.samarkand.uz манбаи кўрсатилиши шарт.